ДАР ИМА РОМАНИ АБДУЛЛО ҚОДИРӢ – «РӮЗГОРИ МОЗӢ» БА ЗАБОНИ АНГЛИСӢ ЧОП ШУД

Тавре ки қаблан хабар дода шуда буд, романи «Рӯзгори мозӣ»-и нависандаи бузурги Ӯзбекистон Абдулло Қодирӣ, ки 125-солагии ӯ ба қарибӣ дар мамлакат ва миқёси байналхалқӣ васеъ ҷашн гирифта шуд, бори нахуст аз забони ӯзбекӣ ба англисӣ тарҷума шуд ва дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар шакли китоби алоҳида бо номи «Bygone days» нашр гардид.

27 декабри соли 2019 дар сафоратхонаи Ӯзбекистон дар ИМА рӯнамоии китоб ба забони англисӣ баргузор шуд. Нусхаҳои аввалини нашри нав ба намояндагони муассисаҳои давлатӣ, муассисаҳои таълими олии бонуфузи ИМА ва дипломатҳое, ки дар мамлакат номнавис гаштаанд, супурда шуд.
Нашри мазкур ба феҳрасти бузургтарин китобхонаи ИМА – Китобхонаи Конгресс дохил гаштааст. Китоб инчунин дар андозаи e-book нашр шудааст.
Асари маъруфро мутарҷим ва муҳаққиқи машҳури амрикоӣ Марк Эдвард Риз баргардонд.
Марк Эдвард Риз соли 1969 дар Иёлати Аризонаи ИМА таваллуд ёфтааст. Донишгоҳи ба номи Ҷ.Вашингтонро аз рӯйи ихтисоси «Адабиёти халқҳои Урал, Қафқоз ва Осиёи Марказӣ» хатм намудааст. Солҳои 1994-1996 дар Ӯзбекистон чун ихтиёрии Ҳайати сулҳ кор карда, дар мактаби миёнаи шаҳри Қӯқанд аз забони англисӣ дарс гуфтааст. Директори Барномаи ҳамкории Департаменти давлатии ИМА оид ба Ӯзбекистон буд.
Марк Риз соли 2017 дар маҳаллаи Самарқанддарвозаи Тошканд дар хонае, ки Абдулло Қодирӣ зиндагӣ ва эҷод намудааст, буд ва дар ҳамин ҷо мероси эҷодии нависандаро омӯхт.
Мутарҷим беш аз понздаҳ сол болои маъруфтарин романи ӯ кор кард ва барои он, ки асари 660 саҳифа барои хонандаи амрикоӣ фаҳмо бошад, ба он беш аз 400 эзоҳ ва шарҳ навишт.
Ҳоли ҳозир дар таснифи «панҷситорагӣ», ки онро хонанда муайян мекунад, роман баҳои баланд мегирад.
Марк Риз инчунин веб-сайти theuzbekmodernist.com-ро бо иловаи маълумоти муфассал дар бораи ҳаёт ва эҷодиёти Абдулло Қодирӣ, замон ва ҳамасрони ӯ, образҳои романи «Рӯзгори мозӣ» ба вуҷуд овард.
Ба қарибӣ ба номи Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон Шавкат Мирзиёев китоби «Bygone days» ва мактуби Марк Риз расид. Дар поён матни ин мактуб нашр мешавад.
Ба Аълоҳазрат ҷаноби Шавкат Мирзиёев,
Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон
Аълоҳазрат ҷаноби Президент Шавкат Мирзиёев!
Ман ифтихормандам, ки ба Шумо пас аз бисту панҷ сол, баъд аз он ки кори худро дар Қӯқанди Ӯзбекистон, ки солҳои 1994-1996 ба сифати ихтиёрии Ҳайати сулҳ шурӯъ намуда будам, нома ирсол менамоям. Кор дар мактаби муқаррарии ӯзбекӣ ба сифати муаллим оғози саёҳати бузург гардид, ки он ҳаёти маро беҳад ғанӣ сохта, нуқтаи олии он номаи мазкур мебошад, ки ба Шумо ирсол менамоям.
Ин воқеан чунин аст, зеро ҳамин ҳоло ман тарҷумаи романи Абдулло Қодирӣ «Рӯзгори мозӣ»-ро, ки дар Осиёи Марказӣ ва адабиёти ҷаҳон назир надорад, ба забони англисӣ ба поён расондам.
Омӯзиши ҳаёт ва эҷодиёти Абдулло Қодирӣ барои ман таҷрибаи таълимӣ набуд. Тарҷумаи романи ӯ кӯшиши амиқи шахсӣ тақозо намуд, то ки нафақат қаҳрамонҳо ба матн ворид гарданд, балки нақле гардад, ки ҳаёти маро ташаккул дод. Хусусиятҳои адабии Отабек, Кумуш ва ё Ҳасан Алии дӯстдоштаи ман – инҳо на устухонбандии мавҳум, ки таҳлил мехоста бошанд. Ин шахсиятҳои муҳим дар образи одамоне инъикос ёфтаанд, ки бо онҳо ман дар Тошканд, Қӯқанд ва Вашингтон дар тамоми фаъолияти касбии худ зиндагӣ ва кор кардаам.
Ҳамин тариқ дар зарфи понздаҳ сол ман дар болои он кор кардам, ки нафақат хусусиятҳои забони нависанда, балки рӯҳияи миллиеро, ки дар мӯҳтавои асари ӯ ҷой доранд, касб намоям, ки барои он муаллиф бадарға шуда, соли 1938 вафот кардааст.
Соли 1994 маро ба Ӯзбекистон, ба хонаи худ даъват карда, беғаразона хеле меҳмондорӣ карданд. Онҳо маро чун одами худ ба ибодат ба масҷиди ҷумъаи Қӯқанд бурданд. Ман, хусусан зимни тарҷумаи адабиёти миллии онҳо ба забони англисӣ, аз онҳо хеле қарздорам ва нисбаташон эҳтиром эҳсос менамоям, ки инро онҳо шоистаанд.
Мисли ҳама корҳои бузург, тарҷумаи роман харҷи зиёди шахсӣ тақозо намуд. Барои ман тасаллӣ он аст, ки умед дорам як замон писарам китобро ба даст гирифта, мефаҳмад, ки падари ӯ зимни зиндагӣ дар рӯйи замин воқеан кори арзандаеро анҷом додааст. Ман медонам, ки Шумо, чун падар, ин эҳсосро дарк менамоед.
Инчунин бояд бигӯям, ки эътирофе, ки ман ба қарибӣ, ҳафтаи гузашта аз ҷониби сафир Ҷавлон Ваҳобов ва ходимони сафорати Ӯзбекистон сазовор гардидам, дар фаъолияти ман рӯйдоди муҳим гардид. Дар ҳузури на камтар аз 100 меҳмон аз Вашингтон рӯнамоии китоби ман баргузор гардид. Якҷоя бо сафир мо Ӯзбекистонро ба меҳмонон муаррифӣ кардем, ки онҳо мехостанд ҳарчи бештар, хусусан дар бораи «манзара»-и адабии Ӯзбекистон маълумот дошта бошанд. Зимни суханронӣ ман таъкид кардам, ки муносибати байни ИМА ва Ӯзбекистон ҳамагӣ дар ду сол то чӣ андоза пеш рафтааст. Ман таъкид кардам: ба  он боварӣ дорам, ки дар ислоҳоти ҷорӣ ҳаёти Қодирӣ идома дорад ва ғояҳои ӯ татбиқ мегарданд. Пас аз ин брифинг ҳазорҳо одамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ баҳои мусбат дода, онҳое, ки дар маросими рӯнамоӣ иштирок намуданд, бо ман тамос гирифтанд то ки дар бораи адабиёт ва маданияти Ӯзбекистон бештар маълумот дошта бошанд.
Равшан аст, ки ҳамаи шумо дар кори ҳаётан муҳим иштирок доред, ки барои ҷаҳони мо аҳамияти муҳим дошта, умед дорам, ки Ҷумҳурии Ӯзбекистон дар ин кӯшишот, хусусан зимни тарҷумаи дигар асарҳои Қодирӣ, тарбияи мутарҷимон аз забони ӯзбекӣ ва таҳияи лоиҳаҳои стратегӣ, ки мақсадҳои Ӯзбекистонро пеш мебаранд, ҳама гуна кӯмакро мерасонад.
Дар поёни мактуб, чун барои Шумо навиштани нома барои ман ифтихори бузург аст, рӯирост мегӯям: ташаккур. Ман аз хусусият ва сифатҳои пешвоии Шумо дар ҳайратам. Ман Ӯзбекистонро хуб медонам, ҳамсари ман аз Тошканд ва ман сайёҳ нестам. Сафарҳои шумо ба Қӯқанд ва Марғилон ба қарибӣ, ба вуҷуд овардани музейи Абдулло Қодирӣ ва ёдоварӣ аз асари ӯ «Рӯзгори мозӣ» дар партави ислоҳоти Шумо дар қалби ман акси садои амиқ дод. Ин ба ман мадад расонд то ки бифаҳмам, ки давраи имрӯзаи ислоҳот беҳтарин замони эътирофи эҷодиёти Абдулло Қодирӣ аст. Ман самимона умедворам, ки ин ҳусни оғози кори 25-солаи ман мегардад, ки бо Ватани дуюми ман алоқаманд аст!

Бо эҳтиром,
Марк Эдвард Риз,
27 декабри соли 2019.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: