Дар Ўзбекистон бо Фонди рушди Қатар дар соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ лоиҳаҳо ба амал бароварда шуданд

Сафири Ӯзбекистон Ашраф Хоҷаев бо муовини директори генералии Фонди рушди Қатар (QFFD) Султон Ал-Ассийрӣ мулоқот кард.

Дар мулоқот ба ҷониби Қатар барои иштирок дар лоиҳаи таҷдиди масҷиди Бибихоним дар шаҳри Самарқанд, ки дар ҳамкорӣ бо фонд амалӣ карда мешавад, изҳори миннатдорӣ карда шуд, хабар медиҳад АИ «Дунё».

Ҷонибҳо рушди лоиҳаҳоро дар бахшҳои маориф, тандурустӣ ва тавонмандсозии иқтисодӣ баррасӣ карданд.

Султон Ал-Ассийрӣ омодагии худро барои татбиқи лоиҳаҳои нав бо ҷониби Ӯзбекистон изҳор дошт.

Бинобар ҷамъбасти ҷамъомад дар бораи иштироки Фонди рушди Қатар дар корҳои васеъмиқёси соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар Ӯзбекистон ба сифати шарики хориҷӣ мувофиқа ҳосил шуд.  

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: