ЧАШМОНАШ ПУРНУРУ ОВОЗАШ ҶАРАНГДОР БОД!

Суруди ҷарангдор, маҳину форам бо оҳанги ҷӯру мувофиқ ба гӯш расида, фазоро пур карда, дар берун шунавои роҳгузарон низ мегардид.

Таъни нобино мазан, эй дам зи биноӣ 
зада,
З-он ки нобино ба кори хештан бино 
бувад.
 
Дар шаҳри Косонсой менишастем, зери мусиқии нафис аз карнайи монитор суруди «Гиря макун»-и сурудхони ҷавон Нурзида Исоева паҳн гардид:
Гиря макун, азизакам, тақдири мо буду 
ҳамин,
Бӯсаи охирини мо бо суханони вопасин.
Чашмони пурхумори ту, 
нигоҳи пурҷилои ту...
Суруди ҷарангдор, маҳину форам бо оҳанги ҷӯру мувофиқ ба гӯш расида, фазоро пур карда, дар берун шунавои роҳгузарон низ мегардид. Чунин сарояндаи хушовоз будааст Нурзида. Интизории мо беҳуда нарафт. Нурзида бо ҳамроҳии модараш ба ҷойи нишасти мо даромада омаданд. Аз рӯйи нақли модараш Салтанат Нурзида дар хонаводаашон фарзанди дуюм, донишомӯзу тарбиягирандаи мактаби махсуси рақами 45-уми ноҳияи Косонсой, падару модараш ҳаводорони суруду навои хуши мусиқӣ. Нурзида зодаи чунин хонадони дилафрӯз калон шудааст. Ҳанӯз аз хурдсолӣ майлу рағбат ба суруду мусиқӣ дар дили ӯ ҷой гирифт.
Падараш Дилмурод Исоев – ногирои гурӯҳи якум дар мактаби махсуси онҳо чун омӯзгори синфҳои ибтидоӣ ба хурдсолон сабақ медиҳад. Ҳам ихтиёрӣ, берун аз дарс, ба сарояндаю навозандагони наврас, аз ҷумла ба Нурзида сирри ҳунари нафисро меомӯзонад. Гуфтан мумкин аст, ки нахустин устодони Нурзида падару модари санъатдӯсташ мебошанд. Баризофа, Нурзида дар таълимгоҳи мусиқии рақами 4-уми шаҳрашон ҳафтае ду бор аз муаллим Арслонбек Саъдуллоев сабақи мусиқӣ мегирад. Сурудҳои «Модар», «Чак-чаки борон», «Анор-анор», «Ҳарф назан» ва монанди инҳо, инчунин таронаҳо ба забонҳои дигар ба репертуараш дохил шудаанд. Бо Нурзида модараш Салтанат ҳамроҳ, ҳамфикр ва ҳаммақсад аст. Дар ҳар сафарашон модару духтарро роҳбари шабакаи интернетӣ Оқилхон Тиллохонов аз ҷиҳати моддӣ дастгирӣ менамояд. 
4 рӯз қабл аз суҳбати мо Нурзида бо модари ғамхораш аз сафари вилояти Қашқадарё баргашта буданд. Нурзидаи сароянда, ҳамчунин дар Тошканд, Самарқанд, Андиҷон, Сирдарё, Фарғона ва дигар шаҳрҳою вилоятҳо, дар хориҷ – вилоятҳои Суғди Тоҷикистон ва Ҷалолободи Қирғизистон ҳунарнамоиҳо карда, баҳоҳои баланди мухлисони санъатро гирифтааст. Махсусан, тоҷикистониён ба равон ва бесакта суруду таронаҳо хондани ӯ таҳсин гуфтаанд. 
Пас аз гирифтани маълумоти миёнаи умумӣ Нурзида дар Консерваторияи давлатии Ӯзбекистон таҳсил намуда, ба донишу ҳунари сарояндагиаш такмил доданист. Орзуи неки падару модараш низ дар ҳамин аст.
Бо дархости ҳозирин Нурзида таронаи дигарашро замзама кард:
Ман ошиқи тан ранги девона,
Маҷнуни туям, беҷони туям.
Оре, дарди маро як моҳ медонад,
Ту намедонӣ, эй дилсанги ман...
Суруди ишқӣ дили шунавандагонро нарму об кард. Дидаҳо ашкбор шуданд аз саройишу маҳорати Нурзида.
Равшан шуд, ки чашмони духтараки сурудхон муддате бино мешудаасту муддате нобино. Гӯё Худованд ними қувваю тавоноии дидаҳои онро ба дигар узву ҳиссиёти ӯ додааст.  
Модараш Салтанат гуфт, ки сафари ҳунарӣ ба Самарқанд боз дар пеш аст. Мо ҳамеша бинову пурнур шудани чашмон, ҷарангдор будани овоз, муваффақияти эҷодии Нурзидаро хоста, дуои хайр кардем.
 
Миршароф МИРЗОЕВ.

Вилояти НАМАНГОН.

 

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: