ЧАШМАИ НУРАТО

Нурато шаҳри куҳану ҳамешаҷавони вилояти Навоӣ буда, дар доманаи қаторкӯҳҳои Нурато ҷойгузин аст.

Табиати рӯҳафзо дорад. Чашмааш маълуму машҳур аст. Аз қадимулайём ба шаҳри Нур (Нурато) ва Чашмаи он таваҷҷуҳи хоса зоҳир кардаанд. Имрӯз низ, ки дар кишвар сайёҳӣ рушду нумӯъ меёбад, аз гӯшаву канори ҷумҳурӣ, мамолики Шарқ ва Амрикову Аврупо мардуми бешуморе ба зиёрати  Нурато меоянд. 
Ҳазор сол муқаддам муаррихи машҳур Абӯбакр Наршахӣ навиштааст: «... Нур ҷойи бузургон аст ва дар вай масҷиди ҷомеъ аст ва работ (мусофирхона)-и бисёр дорад.Ва ба ҳар соле мардумони Бухоро ва ҷойи дигар ба зиёрати ин ҷо (Нурато – Ӯ. Р.) раванд. Ва аҳли Бухоро дар ин кор такаллуф (пешниҳод) кунанд. Ва касе, ки ба зиёрати Нур равад, фазилати ҳаҷ дорад. Ва чун бозоянд, шаҳрро хавоза банданд, ба сабаби омадан аз ҷойи мутабаррук. Ва ин Нурро дар вилоятҳои дигар «Нури Бухоро» хонанд». («Таърихи Бухоро», Душанбе, 1979, саҳ. 15).
Нураторо дар манбаъҳои хаттии таърихӣ чун шаҳри муборак ва табаррук таъриф додаанд. 
Бешубҳа, дар шуҳрати шаҳри Нурато маҷмӯаи таърихии «Чашма» мақоми хос дорад. Ба ин маҷмӯа Чашма, масҷиди ҷомеи «Чилсутун», масҷиди «Панҷвақта» ва мақбараи Абулҳусайни Нурӣ шомил мебошанд. Об рӯшноист. Маҳз ҳамин нури оби шифобахши Чашма ба пайдоиши шаҳри қадимаи Нурато ва маҷмӯаи таърихии «Чашма» боис гардидааст. 
Чашмаи Нурато туҳфаи нодири табиат аст. Он аз сатҳи баҳр дар 524 метр баландӣ қарор дорад. Оби Чашма хуштамъ буда, бӯй надорад, дар таркиби он 20 навъи микроэлемент чун хлор, сулфат, калий, магний, калсий, кремний ва карбонат  мавҷуданд. Профессор Н. Кенесарин дар таркиби оби Чашма мавҷуд будани микроэлементҳои ба саломатии инсон муфидро собит намудааст. 
Он аз чашмаҳои сероби ҷумҳурист, аз вай ҳар сония 320-350 литр об мебарояд. Каме поинтар оби чашма ба ду ҷӯйбори калон – Оби чаппа ва Оби роста ҷудо шуда, аз байни ҳавлиҳои сокинони шаҳр ҷорӣ мешавад. Вай нисфи аҳолии шаҳрро бо оби ошомиданӣ таъмин мекунад. Он чиз боиси таваҷуҳ аст, ки оби Чашма чаҳор фасли сол як хел: 19,5 дараҷа гарм мебошад.
Дар қисмати шимолу ғарбии он чашмаи чоҳмонанд воқеъ аст, ки обаш ба Чашма мерезад.Онро Нургулато меноманд. Дар таҳи Нургулато сангҳо дар шакли панҷаи даст қарор доранд. Аз мобайни онҳо об ҷорист. Ривоят мекунанд, ки дар ин ҷо панҷаи паёмбари дини ислом ҳак шуда. 
Муъҷизаи табиат аст, Чашмаи Нурато. Гоҳ-гоҳе нур меангезад оби он. Ин ҳодисаи сеҳрангез моҳҳои май – июни соли 2004 дили ҳазорон нафар сайёҳонро ба ваҷд оварда буд. Ин ҳодисаи нодир ба навор гирифта шуда, аз тариқи телевизиони вилояти Навоӣ ва ноҳияи Нурато пахш гардидааст. 
Муъҷизаи дигари Чашма моҳиҳои оби он аст. Моҳиҳои Чашма як намуди моҳиҳои Осиёи Миёна буда, онро дар илм «маринка» меноманд. Аҳолии маҳаллӣ  «ширмоҳӣ» мегӯянд. Ин моҳиҳоро касе шикор ва истеъмол намекунад. Муқаддас медонанд ширмоҳиро. Моҳиҳо дар оби ҷӯйбори ҳавлии мардум шино намуда, бозпас ба Чашма бармегарданд. Аз об берун паридани онҳо боз ҳам ҷолибтар аст. Дили бинандаро аз хушҳолӣ лабрез мекунад.
Ширмоҳӣ 20 сол умр дида, дарозии он то ба 60 см мерасад. Вай низ чун дигар навъи  моҳиҳо хоб надорад, ором истода истироҳат мекунад. Ба моҳиҳои Чашма озуқа додан шарт нест. Зеро он аз манфиат дида, бештар зарар дорад. Ширмоҳиҳо аз минерал ва микроэлементҳои таркиби об ғизо мегиранд.  
Баъзан дар оби Чашма ширмоҳиҳои зард ба чашм мерасанд. Ривоят мекунанд, ки дидани моҳии зард ба беморони зарпарвин (зардча, зардама) шифо мебахшад.

Ӯзбакбойи РАҲМОН, 
хабарнигори
 «Овози тоҷик».

Вилояти НАВОӢ.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: