Бонки миллии Тоҷикистон ва Бонки марказии Ӯзбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расониданд

Созишнома соҳаи назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзиро дар бар мегирад.

Байни Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ва Бонки марказии Ӯзбекистон Созишнома дар соҳаи назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ба имзо расид.

Тавре ки шуъбаи матбуоти БМТ хабар медиҳад, созишномаи мазкур ба густариши ҳамкории мутақобила тавассути ҳамоҳангсозии назари тарафҳо оид ба масъалаҳои танзим ва назорати фаъолияти ташкилотҳои қарзии молиявӣ, расмиёти иҷозатномадиҳӣ, бозрасӣ, идоракунии ҳолатҳои буҳронӣ, назорат дар маҳал ва назорати фосилавӣ мусоидат мекунад.

Ҳамчунин ин санад ба назорати раванди қабул ва коркарди ҳисоботи молиявӣ, ошкор кардан ва мониторинги хавфҳо дар фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ, татбиқ ва корбурди стандартҳои Кумитаи Базел оид ба назорати бонкӣ, гузарондани стресс-санҷишҳои фаъолияти ташкилотҳои қарзӣ ва мубодилаи иттилоот шароити мусоид фароҳам меоварад.

Гуфта мешавад, созишнома дар доираи иҷлосияи баҳории кишварҳои узви Хазинаи байналмилалии асъор ва Гурӯҳи бонки ҷаҳонӣ имзо шуд. Зери созишномаи мазкур раиси БМТ Толибзода Фирдавс Нарзимад ва раиси Бонки марказии Ӯзбекистон Мамадризо Нурмуродов имзо гузоштанд.

Дар ҷараёни имзои санад роҳбарони бонкҳо масоили муҳими низоми бонкӣ ва молиявӣ, инчунин густариши минбаъдаи ҳамкориҳоро дар соҳаи табодули иттилоот ва таҷриба баррасӣ карданд.

ТАФСИРИ ХУДРО ГУЗОРЕД: